Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Абдукарим Неъматов, райиси бахши вилоятии Бонки миллӣ дар гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб иттилоъ дод. Аз ин шумора, 7-тояш ба шахсони воқеӣ, тибқи шартнома бо бахши Бонки миллӣ ва боқӣ 43 адади дигар нуқтаҳои мубодилаи асъори бахши бонкҳои дар минтақа фаоълиятдошта будаанд.
Ба иттилои манбаъ, соли гузашта дар ҳамин нуқтаҳо беш аз 5 милёну 500 ҳазор сомонӣ барои гардиш, хариду фурӯши асъори хориҷӣ ба роҳ монда шуда буд. Ба андешаи роҳбарони бонкҳо, ин намуди фаъолият агар аз як тараф даромад ба хазинаи бонкӣ меоварда бошад, аз ҷониби дигар таъмини ҷойҳои корӣ барои сокинон будааст.
Дар ҳамин ҳол, оқои Неъматов мегӯяд, дар назди даромадгоҳи ҳамаи бозорҳои навоҳӣ нуқтаҳои ғайрирасмии мубодилаи асъор низ фаъоланд, ки дар он даҳҳо нафар аз ҷавонон ба хариду фурӯши асъори хориҷӣ даст доранд. Ба андешаи бонкчиён, сокинони навоҳӣ ба хусус ҷавонон, усулан аз бекорӣ ба ин амали ғайрирасмӣ даст мезадаанд.