Суғд: Марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим фаъолияти густарда доранд
Феълан дар вилояти Суғд як маркази вилоятии ташаккули тарзи ҳаёти солим ва 15 марказҳои шаҳрию ноҳиявӣ, 3 ҳуҷраҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим фаъолият менамояд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райиси вилоят иттилоъ доданд, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-санитарӣ ва малакаи санитарию гигиении аҳолӣ нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шудааст.
Манбаъ афзуд, давоми соли 2011 ҳамагӣ 489.637 маротиба сӯҳбатҳо, 14.802 маротиба лексияҳо ва 48 маротиба аксияҳо гузаронида шудаанд. Ҳамчунин, 6.843 адад варақаҳои санитарӣ нашр шуда, 116.661 дона маводҳои иттилоотӣ тақсим гардидаанд.