Ваколати депутатии Одинаев қатъ карда шуд
Таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, райиси МН МО ҷаласаи навбатии Шӯрои ин ниҳоди қонунгузор сурат гирифт.
Дар нишаст якчанд лоиҳаҳои қонун ва созишномаву конвенсияҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи МН зимни ташреҳи ин хабар ба «Озодагон» гуфт, дар Шӯро Созишнома дар бораи мубодилаи иттилоот дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, Созишномаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва давлати Қатар оид ба ҳавасмандкунӣ ва кафолати сармоягузорӣ матраҳ гардид.
Манбаъ афзуд, ҳамчунин лоиҳаҳои Қарорҳои парлумон «Дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Ҳаёт Одинаев ва аз ҳайати Кумитаи ҳамин ниҳод оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ баровардани ӯ» муҳокима шуд.
Гуфтанист, дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаҳои қонунҳо «Дар бораи амнияти нақлиётӣ», «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», «Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонун «Дар бораи яроқ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» баррасӣ шуд.