Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия баргузор мешаванд
«Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия» бо баргузории як барномаи густурдаи фарҳангӣ дар бинои Театри хурди академиии шаҳри Маскав рӯзи 30 май сурат хоҳад гирифт.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия намоиши ҳунарҳои рассомон ва суратгирони Тоҷикистон бо ташкили як намоишгоҳи вижа дар Осорхонаи марказии таърихи муосири Русия рӯзи 29 май роҳандозӣ хоҳад шуд. Қарор аст, рӯзи 31 май дар театри Мактаби санъати драмавӣ намоишномаи «Рустам ва Суҳроб» аз рӯи асари В. А. Жуковский аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи В.В. Маяковский ба маърази тамошои сокинон ва меҳмонони Маскав гузошта шавад. Тавре Шоҳин Самадов, як масъули маркази матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфт, сафорат тасмим дорад ба чорабиниҳои «Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия», мардуми таҳҷоиро бештар ҷалб созад, то онҳо аз санъату фарҳанги пурғановати миллати тоҷик огоҳии бештар пайдо намояд.