Зимнан, Шералӣ Сабзов, сардори пешини РКД-и Душанбе ва Нурулло Орифов, собиқ сардори раёсати кофтукоби ҷиноии ВКД муовинони вазири умури дохилии Тоҷикистон таъйин шудаанд.
Бино ба иттилои расмӣ, Раҳмонқул Раҳимов-бародари Рамазон Раҳимов, ки як ҳафта пештар аз мақоми сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вилояти Суғд барканор шуда буд, муовини райиси минтақавии Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар вилояти Суғд таъйин шудааст. Маврид ба ёдоварист, Рамазон Раҳимов, вазири тозатаъйини умури дохилӣ рӯзи 9-уми январи соли ҷорӣ писараш Дилшод ва бародараш Раҳмонқул Раҳимовро, ки дар ниҳоди таҳти раҳбарии ӯ кор мекарданд, як ҳафта қабл аз мақомҳояшон барканор намуда буд.