Омори зидду нақизи саноатӣ дар шаҳри Кӯлоб
Дар соли 2011-ум саноатчиёни шаҳри Кӯлоб ба маблағи 130 милёну 754 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.
Рустам Неъматов, муовини райиси ин шаҳр дар ин бора змини як нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Дар ҳамин ҳол, масъулини соҳаи саноат дар посух ба суоли журналистон иқрор шуданд, ки аз ин рақам каме бештар аз 56 милён сомонӣ маҳсулоти ташкилоту корхонаҳои фаъоли саноатӣ будаасту бас: «Қисмати бузурги маҳсулот моли саноатчиёни алоҳида, ки ба соҳибкорӣ машғуланд, мебошад. Ин ҳама низ ба маҳсулоти саноатии шаҳр ва омори расмӣ дохил мешавад».
Зимнан, масъулин ба саволҳои журналистон дар мавриди ситонидани ҳаққи андоз аз ҳамин миқдор маҳсулоти саноатӣ ҷавоби дақиқ дода натавонистанд. Маврид ба ёдоварист,ҳамин омори нодурусти расман ба қайд гирифта шуда, аввал ба Вазорати саноат, Ҳукумати кишвар ва баъдан то президенти Тоҷикистон ироа мешавад.
Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз охири соли сипаришуда Ситора Шерова, муовини райиси вилояти Хатлон аз вазъи корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб дар ҷаласаи вакилони мардумӣ изҳори нигаронӣ намуда, аз камфаъолиятии он интиқод карда буд.
Тибқи иттилои расмӣ дар шаҳри Кӯлоб 22 корхонаи саноатӣ номнавис шуда, соли 2011-ум, ба қавли бону Шерова, 4-корхона тамоман фаъолият накардааст, 8 муассисаи дигар камфаъолият будаанд.