Мусодираи 44 кило ҳероин дар пойтахти кишвар
Агентии назорати маводи нашъаовар боз як далели қочоқи маводи мухаддирро ҷилавгирӣ карданд.
Кормандони ин ниҳод дар ҷараёни татбиқи маҷмӯъи амалиётҳои махсус дар қаламрави шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи «Муссо»-ро боздошт намуданд, ки аз ҷониби сокини вилояти Суғд идора карда мешуд. Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадомоти матбуотии агентӣ- Бобоҷон Шафеъ иттилоъ дод, дар ҷараёни азназаргузаронии нақлиёт дар бордони он ду сумкаи сафарӣ ошкор гардид, ки дар дохилашон 39 бастаи дорои хокаи рангаш рӯшан бо бӯи махсус доштанд.
Манбаъ афзуд, тибқи хулосаи таҳлилгарони ташхисгоҳи судии агентӣ маводи мусодирашуда воситаи нашъаовари ҳероин буда, наздик ба 44 кило вазн дорад: «Ҷолиб он аст, ки ҳар баста мӯҳр ва навиштаҷоти гуногун дорад ва ин баёнгари он аст, ки бастаҳо дар лабораторияҳои гуногуни қаламрави Афғонистон тайёр карда шудаанд.
Гуфтанист, аз рӯи ин қазия, тибқи моддаи 200, қ. 4 (нигаҳдорӣ ва фурӯши ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар дар ҳаҷми ниҳоят калон)-и кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.