Танҳо бо такя ба маълумотҳои ғайрирасмӣ ва суханони мардум баъзе маълумотҳо дода шудааст. Вазъияти Қазоқистон, Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон бо Озарбойҷон шабоҳат дорад. Даромадҳо асосан ба номи оила, фарзанду хешу табор ва наздикони президентҳо бастагӣ дорад. Дар Қазоқистон духтару домодҳои президент Назарбоев соҳиби ширкатҳои калон ва саҳмияҳоянд. Дар Ӯзбакистон контроли корхонаҳои бузург дар дасти духтарони Ислом Каримов дониста мешавад.
Дар бораи маоши президенти Тоҷикистон расман маълумоте пахш намешавад ва дар интернет ҳам иттилое ёфт нашуд. Танҳо дар интернет маълумот оид ба оилаи президент маълумот дарёфтан мумкин аст. Гуфта мешавад, ки президент Эмомалӣ Раҳмон соҳиби 9 фарзанд, ду писар ва 7 духтар буда, дар байни президентҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ аз ҳама серфарзандтарин ба ҳисоб меравад.
Тафсилоти бештарро аз ин нишонӣ дастрас карда метавонед: https://ozodagon.tj/s/item/16120