Раҳмонов даст ба «реформа» мезанад, дар шаҳри Кӯлоб
Абдуғаффор Раҳмонов, райиси тозатаЪини шаҳри Кӯлоб дар нахустин нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки шояд баъди нимсолаи аввали имсол дар ҳайати роҳбарияти шаҳр ислоҳоти соҳавӣ ворид намояд.
Ба саволи хабарнигори «Озодагон», ки оё барои пешрафти ҷомеа ва рушди шаҳр, райиси нав бо тими пешин, ки як роҳи муайяни фаъолиятро касб кардаву тӯли солҳои зиёд пешрафте дар ягон соҳа амалӣ накардаанд, боз хоҳад монд ва ё тағйири команда мекунад, ҷаноби Раҳмонов гуфт: «Дар кӯтоҳтарин муддат бо баъзе аз масъулин хайру хуш хоҳем кард. Дар оянда, барои 6 моҳи аввал фаъолияти кормандони масъули давлатиро омӯхта, баъд хулосабарорӣ мекунем. Шояд бисёриҳо то ин муддат иваз шаванд».
Маврид ба ёдоварист, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар бахшҳои ҳукумати шаҳри Кӯлоб ашхосе ҳастанд, ки беш аз 10 сол фаъолият мекунанд, аммо тайи ин муддат дигаргуние дар соҳот ба мушоҳида нарасидааст. Коршиносон ҳадс мезананд, ки бо ба сари қудрат омадани райиси нав, тағйироти ҷиддӣ дар сатҳи роҳбарият ба амал меояд, ки ба рушди соҳавӣ низ таъсири мусбӣ хоҳад расонид.