Дар ин бора масъули хадамоти матбуотии ин ширкат Шаҳноза Комилзода ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод. Бино ба қавли ӯ, «МегаФон» тасмим гирифтааст, ки ба муштарии якмилиониуми худ манзили зист эъто кунад.
Манбаъ афзуд, муштарии якмилионии ширкати «МегаФон» Зулфия Мирзоқандова, як бонуи хонашини 40 сола аз ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон аст. Ба гуфтаи сухангӯи ширкат, шавҳари Мирзоқандова дар Русия муҳоҷир мебошад.