Тақрибан ба ҳамин маъно, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), Медиа Алянси Тоҷикистон (МАТ), Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон (АФРӮЗ) ҳамла ба журналисти тоҷик Додоҷони Атовуллоро маҳкум карданд ва аз ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Русия хостаанд, ҳодиса ба таври дақиқ тафтиш шавад. Ҳомиёни ҳуқуқи башар ва корбарони шабакаи Фейсбук низ ин ҳамларо бо лаҳни шадид маҳкум кардаанд.
Ҳамзамон, Абдулқодири Алавӣ, шоир ва журналисти тоҷики муқими Маскав дар номааш навиштааст, хабари сӯйиқасд кардан бар ҷони Додоҷони Атоулло моро хеле нороҳат кард ва бояд гуфт, ки ин сӯйиқасд на танҳо бар ҷони Додоҷони Атоуллост, балки ин як навъе аз шикастани нерӯ, ғурур ва ҷавонмардии миллати ранҷида ва ғамдидаи тоҷик аст.Аз Худованди мутаъол шифои оҷилро ба бародари ниҳоят гиромӣ Додоҷони Атоулло таманно дорем».
Ёдрас менамоем, ҳамла ба Додоҷони Атовулло шоми дирӯз- 12-уми январ дар яке аз тарабхонаҳои итолиёвии Маскав, ки бо номи «Виа-Ҷио» маъруф аст, рух дод.Тибқи иттилои пизишкон журналисти тоҷик аз қафаси синааш захмӣ шудааст ва фарди ҳамлавар бо корд ин амалро анҷом додааст.
Маврид ба ёдоварист, Додоҷони Атовулло (Атовуллоев) дар соли 1990 ҳафтаномаи мустақили "Чароғи рӯз"-ро дар Душанбе таъсис дода, охири соли 1992 Тоҷикистонро тарк кард ва дар Русияву Олмон ба сар мебард. Ӯ раҳбари ҷунбиши мухолифи «Ватандор» низ ҳаст. Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Додоҷони Атовулло бо иттиҳоми тӯҳмату таҳқир ба шахси раҳбарони аввали кишвар ва даъват ба сарнагун кардани низоми феълӣ, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.Бори охир моҳи апрели соли гузашта, додситонии Тоҷикистон аз мақомоти Русия боздошт ва истирдоди ӯро ба Душанбе талаб карда буданд.