АФРӮЗ: Ҳамла ба Додоҷони Атовулло ба обрӯ ва эътибори ду кишвар соя меафканад
Сӯиқасд ба ҷони Додоҷони Атовулло, журналисти тоҷики муқими Маскав аз ҷониби созмони журналистии мавсум ба «АФРӮЗ» шадидан маҳкум гардид.
Дар баёнияи ин ташкилоти рӯзноманигорӣ аз ҷумла омадааст: «Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон ҳамлаи ваҳшиёна ба Додоҷони Атовулло, муассис ва сардабири нашрияи «Чароғи рӯз»-ро қатъан маҳкум мекунад. Бар асари ин ҳамла, ки тавассути як фарди ношинохта дар шаҳри Маскав сурат гирифтааст, Додоҷони Атовулло ба шиддат маҷрӯҳ гашта ва баъди анҷоми амали ҷарроҳӣ дар ҳоли бехудист».
Зимнан, «АФРӮЗ» ҳамла ба Додоҷони Атовуллоро сӯйиқасд ба озодии баён ва ҳуқуқи инсон дониста, аз мақомоти марбутаи Русия хостори таҳқиқи сареъи ин қазия, ошкор кардани иҷрокунанда ва фармоишгари ин сӯйиқасд гардидааст.
Дар поёни изҳороти «АФРӮЗ» гуфта мешавад, ҳамчунин интизор дорем, ки мақомоти Тоҷикистон низ дар амри ҳимоят аз шаҳрванди худ, ошкор кардани омилони ин ҷиноят аз тамоми имконоти ихтиёрашон кор хоҳанд гирифт. Зеро ин сӯйиқасд ба ҷони як журналисти маъруф ва шинохта ба обрӯ ва эътибори ҳар ду кишвар соя меафканад.
Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон - АФРӮЗ
13.01.2012, Душанбе