Дар ин бора зимни як тамоси телефонӣ Басир Шамсов, дӯсти журналист ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод. Бино ба гуфтаи ӯ, ин ҳодиса шоми 12-уми январ, тахминан соати 21-30 дақиқа дар тарабхонаи мавсум итолёвии “Виа-ҷио” рух додааст: «Ростӣ, ки ман дар вақти ин ҳодиса набудам, аммо як соат қабл аз он бо Додоҷон сӯҳбат доштам. Сипас, нафари дигар аз рухдод ба ман бо воситаи телефон хабар дод».
Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ ва бо такя ба гуфтаҳои пизишкон журналисти тоҷик аз қафаси синааш захмӣ шудааст ва фарди ҳамлавар бо корд ин амалро анҷом додааст. Додоҷони Атовуллоро дар мошини "Ёрии таъҷилӣ" соати 22-28 дақиқаи шаб ба бемористони ба номи Склифосовскийи шаҳри Маскав интиқол додаанд. Гуфтанист, ба ҷони журналисти 56-солаи тоҷик хатаре таҳдид намекунад, аммо аз сабаби хунравии зиёд вазъи ӯ ваҳим арзёби мегардад.
Маврид ба ёдоварист, Додоҷони Атовулло (Атовуллоев) дар соли 1990 ҳафтаномаи мустақили "Чароғи рӯз"-ро дар Душанбе таъсис дода, охири соли 1992 Тоҷикистонро тарк кард ва дар Русияву Олмон ба сар мебард. Ӯ раҳбари ҷунбиши мухолифи «Ватандор» низ ҳаст. Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Додоҷони Атовулло бо иттиҳоми тӯҳмату таҳқир ба шахси раҳбарони аввали кишвар ва даъват ба сарнагун кардани низоми феълӣ, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.Бори охир моҳи апрели соли гузашта, додситонии Тоҷикистон аз мақомоти Русия боздошт ва истирдоди ӯро ба Душанбе талаб карда буданд.