Дипломатҳои тоҷик дар Эстония омода мешаванд
Ҳамрохон Зарифӣ дар Душанбе бо ҳамтои эстониаш-Урмас Паэт, ки бо як сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад мулоқот кард.
Тибқи иттилои ВКХ, ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои миёни ду кишварро баррасӣ карда, ҳамчунин оид ба масоили дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла мушкилоти барқарорсозӣ ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Афғонистон табодули назар намуданд. Зарифӣ таъкид сохт, ки Тоҷикистон барои тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба бо Эстония дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн манфиатдор аст. Ӯ қайд кард, ки ҳарду кишвар оид ба масъалаҳои зиёди байналхалқӣ мавқеи ягона ва ё ба ҳам монанд доранд. Бо вуҷуди ин, тибқи гуфтаҳои Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳар ду кишвар дар соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маориф соҳиби зарфияти бузурги истифоданашуда мебошанд, ки онро фаъол гардонидан зарур аст. Дар ин росто, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон пешниҳодро дар бобати гузаронидани бизнес-форуми соҳибкорони ду кишвар дар Душанбе ва ё Таллин дастгирӣ намуд.
Ҳамзамон, Зарифӣ аз пешниҳоди ҷониби Эстония доир ба баррасии се лоиҳаи созишнома истиқбол намуд, ки дутои он – Созишнома миёни Ҷумҳурии Эстония ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истирдоди шахсони маҳкумшуда ва Созишнома миёни Ҷумҳурии Эстония ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузорӣ – дар ҷараёни расмиёти ҳамоҳангсозӣ дар вазорату идораҳои дахлдори кишвар қарор доранд ва дар мӯҳлати наздиктарин барои имзо омода мегарданд.
Манбаъ афзуд, дар навбати худ, Вазири корҳои хориҷии Эстония У. Паэт, бо изҳори таваҷҷӯҳи зиёд ва омодагии кишвари худ ба таъмиқи ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни Эстония ва Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои номбаршуда, пешниҳод намуд, ки рафти татбиқи мақсадҳои ҷонибҳо тезонида шавад. Бахусус дипломати эстонӣ оид ба таъиноти сафири Тоҷикистон дар Эстония, ҳамчунин оид ба таъиноти Консули фахрии Эстония дар Тоҷикистон аз шумули шаҳрвандони Тоҷикистон ибрози назар кард.
Бино ба иттилоъ, вазири эстонӣ ҳамчунин иброз дошт, ки дипломатони ҷавони Тоҷикистон метавонанд дар курсҳои яксолаи мактаби дипломатии Эстония таҳсил намоянд. Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки вазорати онҳо аллакай барои дипломати ҷавони тоҷик як бурсия ҷудо кардааст.