ФБ-и Душанбе бо 24 ширкати ҳавопаймоӣ ҳамкорӣ дорад
Фурудгоҳи Душанбе бо 6 ширкати ҳавопаймоии мамолики хориҷи дур, 15 ширкати ҳавопаймоии кишварҳои ИДМ ва 3 ширкати маҳаллии ҳавопаймоӣ: «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва «Ист Эйр» дар маҷмӯъ бо 24 ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳамкорӣ дорад.
Сармуҳандиси корхона Бобоҷон Садриддинов мегӯяд, дар соли 2011 ба 588 ҳазору 767 нафар мусофире, ки аз Тоҷикистон рафтааст (дар соли 2010 ин нишонд 586 ҳазору 956 нафарро ташкил мекард), яъне нисбатан 0,30 % зиёд хизмат расонида шудааст.
Ҳамзамон, дар соли 2011 ба 537 ҳазору 842 мусофири ба Душанбе омада (дар соли 2010 ин нишондод 418 ҳазору 737 нафарро ташкил мекард), яъне нисбатан 22,1% зиёд хизмат расонида шудааст. Миқдори умумии бор ва почтаи қабулкарда ва интиқолдодаи ФБД дар соли 2011 2019 тоннаю 672 кг-ро ташкил дод (дар соли 2010 1913 тоннаю 987 кг) яъне, нисбат ба соли 2010 5,2% бештар бор интиқол дода шудааст.
Анвар Нуров, сардори шӯъбаи фурудгоҳҳои Сарраёсати авиатсияи граждании вазорати нақлиёти кишвар фаъолияти корхонаро мусбӣ арзёбӣ намуда гуфт, ҷамъбасти соли 2011 аз ибтидо хотирмон буд, зеро ба чорабиниҳои байнидавлатие, ки дар ин муддат баргузор гардид, фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳангоми қабул ва гусели меҳмонони зиёд хизмат расонид.
-Беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ, такмили маҳорату малакаи касбии кормандон, беҳтар ва пурзӯр кардани низоми амният, мустаҳкам намудани интизоми меҳнат, пурзӯр кардани назорат нисбати пешгирии вуруди бемориҳои махсусан вазнини сирояткунанда ба қаламрави ҷумҳурӣ ва сарфаю сариштакорӣ- афзалиятҳои асоси рушди фурудгоҳ ба ҳисоб мераванд,- иброз шуд дар ҷамъбасти ҷаласа.