«Барқи тоҷик» 20 ҳазор ҳисобкунакро аз Хитой бидуни шартнома овардааст
Воридоти ҳисобкунакҳои барқии мухталифтамға аз хориҷи кишвар бояд камтар шавад.
Дар ин бора Бахтиёр Шукуров, директори агентии Тоҷикстандарт зимни як нишасти матбуотии созмонёфта дар Душанбе иброз дошт. Номбурда сабаби инро ба мушкил будани таъмири ҳисобкунакҳои барқӣ рабт дод: «Ҳамаи он ҳисобкунакҳои барқие, ки ворид мешванд, парметрҳои худро доранд ва ресурсҳои зиёдатӣ талаб мекунанд, ки таъмирашон мушкилтар аст. Ҳоло ҳисобкунакҳои барқии Душанбе ва навоҳии тобеъро вобаста ба мӯҳлати истифодаашон аз санҷиш мегузаронем ва на ҳамаи онҳо аз санҷиш гузаштаанд».
Ҷаноби Шукуров мегӯяд, ширкати «Барқи тоҷик» 170 ҳазор ҳисобкунакҳои барқӣ-электрониро дар шаҳри Душанбе, 117 ҳазори дигарро дар вилояти Суғд насб хоҳад кард: «Илова бар ин миқдор боз 20 ҳазори дигарро ғайри проект худашон аз Хитой овардаанд».