Боздошти як қаллоби «заминфурӯш» аз сӯи кормандони ВКД
Дар пайи як амалиёти кормандони милиса дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Хайриддин Фатҳуддинови 40 сола боздошт гардид.
Номбурда сокини кӯчаи Фирдавсӣ буда, айни замон дар ягон ҷой фаъолият намекунад. Аз дафтари матбуотии ВКД ба «Озодагон» иттилоъ доданд, ки ӯ моҳи майи соли 2011 бо роҳи фиреб ба боварии Абдурасулов Ш-и 28 -сола, сокини кӯҷаи Нахимов даромада, аз номбурда 3500-доллари ИМА гирифтааст: «Хайриддин Фатҳуддинов ваъда додааст, ки аз маҳаллаи Уртабузи ҷамоати «Шарора»-и ноҳияи Ҳисор 0,6- гектар қитъаи замин ба Абдурасулов ҷудо карда медиҳад, аммо маблағро гирифта то ҳол барнагардонидааст».
Ҳамчунин, Фатҳуддинов моҳи майи соли 2011 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Эгамов Ғ, сокини 73-солаи кӯчаи Дарвоз даромада, аз ӯ 5000 доллар гирифтааст. Феълан, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гадрдида, тафтишот идома дорад.