Амиршо Миралиев: Ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар сатҳи олӣ қарор доранд
Дар Душанбе мулоқоти Амиршо Миралиев, муовини аввали райиси МН бо муовини райиси Кумитаи доимоамалкунандаи Маҷлиси Умумихитоии намояндагони халқи ҷумҳурии Халқии Хитой хонум Чэн Чжилӣ ва ҳамроҳони ӯ сурат пазируфт.
Муҳамадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумон зимни ташреҳи ин иттилоъ ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, нишасти мазкур ба бистумин солгарди барқарории муносиботи дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Хитой рост омада, фол ва паёмади некеро ба дунбол хоҳад дошт.
Зимни мулоқот зикр гардид, ки парлумони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи фаъолияти худ дар замони соҳибистиқлолӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун парламенти бисёрҳизбӣ ва ҷавобгўи меъёрҳои байналмилалӣ шинохта шудааст. Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони панҷ ҳизби сиёсии кишвар шомил ҳастанд, ки чунин шаклгирӣ дар таҳия ва қабули қонунҳои дорои сифат ва мазмуни волову арзишманд мусоидат мекунад.
Ҳамзамон, бо ишора ба ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар Миралиев гуфт, байни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва парлумони Ҷумҳурии Халқии Хитой гурўҳҳои дўстӣ амал мекунанд, ки ин гурўҳҳо барои боз ҳам тақвият ёфтани муносибатҳои байнипарлумонии ду ҷумҳурии дўст ва ҳамсоя заминаи мусоид фароҳам меоранд. Ҳамчунин, сафарҳои пайвастаи сарони ҳар ду кишвар ба мамлатаҳои якдигар ва боздидҳои намояндагони парлумонҳо аз Пекин ва Душанбе дар китоби таърихи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой саҳифаҳои тозаеро боз кардаанд ва мо умедвор ҳастем, ки равобити ояндаи ду ҷумҳурии дўсту ҳамсоя садҳо ҷилд китобро ташкил хоҳад дод.Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон иброз дошт, ки миёни Тоҷикистон ва Хитой зиёда аз 160 санади меъёрӣ – ҳуқуқии дуҷониба ба имзо расидаанд, ки Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи ҳусни ҳамҷаворӣ, дўстӣ ва ҳамкорӣ – асоси муносибатҳои дуҷониба мебошад.
Хонум Чэн Чжилӣ бошад, дар маҷмўъ аз сатҳи муносиботи кишвараш бо ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон ба инкишофи ин ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳо таъкид кард.
Маврид ба ёдоварист, муносибати дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Хитой 4 январи соли 1992 барқарор гашта, сафорати он кишвар дар Душанбе фаъолияти худро аз 13 марти ҳамон сол оғоз намудааст. Ҷумҳурии мо бошад, сафорати худро дар шаҳри Пекин 7 апрели соли 1997 ифтитоҳ кардааст.