Бино ба маълумоти маркази матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Маскав сокинони Тоҷикистон Умаралиева Мамлакат Камбаралиевна, соли таваллудаш 1969 зодаи норҳияи Турсунзода, ошпази тарабхона дар ҳолати вазнин дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дошта, авзои ошпази дигар Саъдуллоев Раҷабалӣ Мерганович, соли таваллудаш 1969 зодаи ноҳияи Ваҳдат ва Ҷамилов Маҳмадиқбол Қосимович, соли таваллудаш 1988 зодаи ноҳияи Данғара боркаши тарабхона, дар ҳолати миёна қарор доранд. Ҳар 3 нафари маҷрӯҳон феълан дар Маркази бемориҳои сӯхтаи ГКБ- 36 и Маскав қарор доранд.
Намояндагии Хадамоти муҳлоҷирати назди Ҳукумати Тоҷикистон дар Маскав гуфтааст, бо табибон робитаи ҳамаҷонибаро барқарор карда, омода аст тамоми кӯмаки лозимаро барои табобати ҳарчизуди шаҳрвандони Тоҷикистон манзур намояд.
Маркази матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар медиҳад, ки кормандони сафорат барои расонидани кӯмаки ҳамаҷониба ба беморон муваззаф шудаанд.
Аммо то ҳанӯз ҳуввияти 2 нафар фавтидагон бинобар сӯхтани чеҳраҳояшон муайян нагардидааст.