Кодекси гумрук дар ҶТ ба тағйирот ниёз дорад
Дар Душанбе масъалаи тағйиру иловаҳо ба кодекси гумруки Тоҷикистон баррасӣ мегардад.
Тавре аз маркази матбуотии Ассосиятсияи миллии соҳибкории хурду миёна ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ин ҳамойиш 13-уми январ дар толори меҳмонхонаи «Тоҷикистон» баргузор мегардадю
Гуфта мешавад, зимни ҳамойиш намояндагони сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин кормандоне, ки ба маҳсулоти азнавкоркардшудаи меваю сабзавот сарукор доранд, ширкат хоҳанд кард.
Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ, баланд бардоштани маълумотнокии ҷомеа дар бораи тағйиру иловаҳои ахир дар кодекси гумруки кишвар мебошад. Ҳамойиши мазкур дар доираи лоиҳаи Осиёи Миёна-Инвест II аз ҷониби Ассосиятсияи миллии соҳибкорони хурду миёна ва дар якҷоягӣ бо намояндагии «Hilfswerk Austria International» дар Тоҷикистон ва бо кӯмаки молиявии Иттиҳоди Аврупо доир мегардад.
Сарчашмаи хабар иттилоъ дод, ки ин лоиҳа барои мусоидат намудан ба рушди ҳамроҳшавии минтақаи Осиёи Миёна ба иқтисоди ҷаҳонӣ равона шудааст. Дар назар аст, зимни ин нишаст ба ҳайси коршинос намояндагони хадамоти гумруки кишвар низ иштирок намоянд, афзуд манбаъ.