Қиёми навбатӣ алайҳи нахуствазир
Кумитаи ташкилии масковии “Тазоҳурот ба хотири интихоботи одилона” гуфтааст, 4 феврали соли равон дар Маскав роҳпаймоии эътирозӣ баргузор хоҳанд кард.
Дар ин бора, ҳамрайиси “Ҳизби озодии мардумӣ (“Партия народной свободи”) Владимир Рижков ба хабаргузориҳо иттилоъ додааст: “Мо ба шаҳрдорӣ тақозои иҷозаи роҳпаймоиро бо шурӯъ аз майдони Октябр, кӯпруки Кузнетский, “Садовое колтсо” то кӯчаи Арбати нав, назди Қасри китоб то ба Майдони Манеж пешниҳод хоҳем кард.
-Ин хатсайри мо тасодуфӣ набуда, он такрори роҳпаймоии 4 феврали соли 1990 аст, ки нақши роҳбарии КППС- ро барҳам зада буд”- гуфтааст В.Рижков.
Масъулини ин кумита қарор доранд, дархости худро рӯзи 20 январ ба шаҳрдорӣ таслим намоянд, зеро аз ин барвақттарро қонунгузории Русия иҷозат намедиҳад.
Оқои Рижков афзудааст, талаби тазоҳургарон ҳамон талаботҳои тазоҳуроти пешина буда, иловатан қатъи овоздиҳиро ба ҷонибдории Владимир Путин, сарвазири вақти Русия дар интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ пешниҳод хрҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки дар санаҳои 10 декабр дар майдони “Ботлоқзор” ва 24 декабр дар майдони Сахарови Маскав тазоҳуроти эътирозии мардум бо ҳимоят аз овозҳои худ дар интихоботи порлумонии Русия баргузор гардида буд, ки таҳқиқи натоиҷи интихобот, барканории раиси Кумиссиюни интихобот, озоднамоии маҳбусони сиёсӣ аз тақозои аслии мардум маҳсуб мешуд.