Ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон рӯйи кор меояд
Аз 18 ҳазору 916 нафар хизматчии давлатӣ 4493 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Грез Қосимов, муовини сардори Раёсати хизмати давлатӣ аз фаъолияти солонаи ин ниҳод ҳисобот дода изҳор дошт, ки 43 дарсади хизматчиёни давлатиро ҷавонони аз 18 то 35 сола ташкил медиҳанд: «Дар мансабҳои роҳбарикунанда бошад, ҷавонон 15%-ро ташкил медиҳанд».
Ҷаноби Қосимов дар идомаи сӯҳбат ба масъалаи таъсиси консепсияи рушди ҳукумати электронӣ дар соли 2012 ишора намуда гуфт, мо қадамҳои нахустинро барои гузариш ба низоми ҳукумати электронӣ гузоштем ва барои омӯзонидани хизматчиёни давлатӣ дар ин самт тасмими ҷиддӣ гирифтаем.
- Мо ният дорем, ки ба хизматчиёни давлатӣ дар мавриди чӣ гуна ба роҳ мондани коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ ва ҳам дар мавриди чӣ тавр созмон додани ҳукумати электронӣ таҷрибаи нав ироа намоем,-афзуд Қосимов.