Миёни осебдидагони инфиҷори тарабхонаи итолиёвии Маскав тоҷикон ҳам ҳастанд
Бар асари як таркиш дар як тарабхонаи итолиёвии Маскав бо номи ”Il Pittore” дастикам 2 нафар кушта ва беш аз 40 нафар захмдор шудаанд.
Бино ба маълумоти Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия 22 нафар ба таври оҷил ба бемористон интиқол дода шуда,10 нафари дигар худашон барои кӯмаки тиббӣ муроҷиат намудаанд. Миёни осебдидагон 9 нафар мизоҷон ва боқимонда кормандони ин тарабхона будаанд.
Бино ба гуфтаи Леонид Печатников, сарвари Департаменти тандурустии Маскав 13 нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд. Вазъи ду нафар кӯдаки осебдида беҳтар буда, яке аллакай ба хона ҷавоб шуда, дигарӣ ҳанӯз зери муоинаи табибон қарор дорад.
Нашрияи «Life News» рӯйхати осебдидагонро нашр кардааст, ки миёни онҳо осебдидагон бо ному насабҳои тоҷикӣ низ ҳастанд. Намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав Бахтиёр Сатторӣ ба хабарнигори масковии “Озодагон” иттилоъ дод, ки ҳоли ҳозир кормандони хадамот дар пайи дақиқ кардани шахсияти осебдидагон бо насабҳои тоҷикӣ мебошанд. Мо низ то дақиқ шудани ҳуввияти осебдидагон бо насабҳои тоҷикӣ аз овардани номашон худдорӣ мекунем.