ЭКО: Наврӯзи Аҷам ва тасмими ин муассисаи фарҳангӣ
Муассисаи фарҳангии ЭКО бо ҳадафи табодули таҷрибаҳои ҳунарӣ миёни ҳунармандони муосир ва бо таъкид бар заминаҳои ҳуввияти фарҳангӣ дар осори ҳунармандони муосири ҷаҳон,бавижа 10 кишвари узви ЭКО нахустин ҷашнвораи байналмилалии ҳунарҳои таҷассумии ЭКО-ро баргузор мекунад.
Мавзуъи ин ҷашнвора таҷлили иди ҷаҳонии Наврӯз,маросим ва оинҳои наврӯзӣ аст.Аммо осори ҳунармандони муосири дигари ҷаҳон,ки дар иртибот бо мавзӯъи ин ҷашнвора бошанд, пазируфта мешаванд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз кумитаи тадорукоти ин ҷашнвора иттилоъ доданд, чорабинӣ дар 3 бахш: акс,графика(пустер) ва карикатура барпо мешавад ва маҳалли баргузории он толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷўраеви шаҳри Душанбе аст. Ин намоишгоҳ ба сурати комил ё гузидае аз осор дар кишварҳои дигари узви ЭКО ё дигар кишварҳое,ки узви ЭКО набошанд, сурат мегирад.Ҷойизаи барандагони мақомҳои аввал то сеюм дар ҳар бахш илова бар тандиси вижа ва дипломи ифтихории Муассисаи фарҳангии ЭКО ба тартиб 3000, 2500 ва 1500 доллари амрикоӣ аст.
Ҳамчунин, ба интихоби ҳайати доварон 7 асари баргузида интихоб ва ба ҳар як аз онҳо лавҳи тақдири Муассисаи фарҳангии ЭКО ба ҳамроҳи 1000 доллар эъто мешавад.
Ҳамаи осори роҳёфта ба Намоишгоҳ дар китоби нафисе чоп хоҳад шуд,ки ба ҳамроҳи гувоҳии ширкат дар ҷашнвора ба ҳар кадом аз соҳибони осор эҳдо мешавад.
Гуфта мешавад, алоқамандон барои ширкат дар ин ҷашвора аз 9 январи соли 2012 тариқи сомонаи расмии ҷашнвора https://www.ecieco.org сабти ном мешаванд. Охирин мўҳлати сабти ном 5 феврали соли ҷорӣ муайян гардида, дар ин ҷашнвора ҳунармандони машҳур Сайфуллоҳи Самадиён, Амруллоҳи Фарҳодӣ, Комбизи Дирамбахш, Марями Зандӣ, Фарзоди Ҳошимӣ(Эрон),Заур Дахте(Тоҷикистон) ва Элман Мирзоев(Озарбойҷон) ба унвони довар ширкат мекунанд.