Тибқи иттилои расида, Абдуҷаббор Раҳмонов, ки қаблан вазири маориф буд, ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нуриддин Саидов ба вазифаи вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳаёт Одинаев, ки қаблан ноиби ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, ба вазифаи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, собиқ райиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов ба вазифаи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Бобохон Маҳмадов ба вазифаи директори Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.