«Тӯби тиллоӣ» боз ҳам насиби Мессӣ
Лионел Мессии аргентинӣ беҳтарин футболбози соли 2011 эълон шуда, ҷоизаи «Тӯби тиллои»-ро соҳиб гардид.
Айни замон Мессӣ дар ҳайати тими «Барселона»-и Испания ба ҳайси ҳамлагар бозӣ мекунад.
Криштиану Роналдуи португалӣ ва Хави Эрнандеси испанӣ ҳам аз муддаиёни ҷоизаи мазкур буданд. «Тӯби тиллоӣ» соли сеюм аст, ки пайваста насиби Мессии 24 сола мешавад. Беҳтарин футболбоз дар пайи назарпурсӣ миёни мураббиҳо, сарварони дастаҳои мунтахаб ва журналистон аз тамоми ҷаҳон муайян мешавад. Назарпурсии мазкурро ФИФА анҷом додааст.
Маврид ба ёдоварист, то Мессӣ, ҳамчунин Йохан Кройф ва Марко ван Бастени ҳолландӣ ва Мишел Платинии фаронсавӣ, сарвари феълии УЕФА муваффақ шудаанд, ки дар давоми карераи худ се маротиба барандаи унвон ва соҳиби «Тӯби тиллоӣ» шаванд.
Ҷойизаи «Беҳтарин мураббии соли 2011» ба мураббии «Барселона» Хосеп Гвардиола тақдим хоҳад шуд.