Низоъ байни мусулмонон дар Русия
Чор нафар бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол ёфтаанд. Тибқи иттилои РИА-Новости дар ҷараёни задухӯрди байни тоҷикҳову чеченҳо дар шаҳри Уфа 4 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Сардори дафтари матбуотии раёсати умури дохилаи Уфа-Илгиз Содиқов гуфтааст, дар ин задухӯрд, дар анбори сабзавоти Затонская дар пойтахти ҷумҳурии Бошқирдистони Русия то 300 нафар аз ду ҷониб ширкат кардаанд. Як рӯз қабл, корманди анбори нигаҳдории сабзавот, ки аз Чеченистон будааст, бо аробакаши тоҷик даргир шуда, ба пойҳои ӯ тир меандозад. Муҳоҷири тоҷик аз ангуштони пояш тир хӯрда, ба табибон муроҷиат мекунад. Рӯзи 23 май ин низоъ ба занозании бузург байни тоҷикҳову чеченҳо печид, ки дар натиҷа 3 тани дигар захмӣ шуданд. Барои ором кардани ин ҳодиса ҳатто аз нерӯҳои ОМОН-и минтақа истифода шудааст.