Ҳудуди 1000 нафар тоҷикистонӣ имсол ба донишгоҳҳои Русия барои таҳсил хоҳанд рафт
Соли 2011 соли муваффақиятҳои бахши таълиму тарбия дар Тоҷикистон унвон шуд.
Ин нуктаро вазири маорифи Тоҷикистон зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе иброз дошт. Ба ҷиҳозонидани мактабу донишгоҳҳо бо васоити навтарини таълимӣ ишора карда Раҳмонов гуфт, қарор аст бо анҷоми санҷише сатҳи ошноии устодони донишгоҳҳои олӣ бо компютерро арзёбӣ кунад ва дар сурати ноошноӣ бо корбурди компютер онҳоро аз донишгоҳҳо хориҷ кунад. Аз сӯйи дигар ба гуфтаи Абдуҷаббор Раҳмонов, сатҳи тадрис дар донишгоҳҳои олӣ ва макотиби ҳамагонии Тоҷикистон ниёз ба беҳбудӣ дорад.Аммо оқои Раҳмонов афзуд, ки онҳо тавонистанд дар соли гузашта, фанновариҳои ҷадидро ба бисёре аз муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ворид кунанд.
Ҳамчунин, ба гуфти Раҳмонов ин вазорат тавонист мушкили камбуди омӯзгорон дар макотиби ҳамагониро то андозае аз миён бибарад ва ҳоло муассисаҳои омӯзишии ҳамагонӣ ниёз ба беш аз 30 муаллим доранд: “Мо тавонистем, ки бо таъсиси марказҳои бозомӯзӣ иддае аз шогирдони макотибро ба унвони муаллими мактаб омода кунем. Беш аз 900 омӯзгори макотиби ҳамагонӣ ҳоло бо гувоҳиномаи мактаби ҳамагонӣ дар муассисаҳо фаъолият доранд.”
Масъулини вазорати маориф дар поёни нишаст иттилоъ доданд, ки дар соли равон Федератсияи Русия изҳори омодагӣ кардааст, ки барои таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишвар аз Тоҷикистон 1000 донишҷӯро бипазирад.