Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳи Тоҷикистон мегӯяд, ба ҳисоби нисбӣ харҷи миёнаи ҳар як сайёҳ ба 500 долари амрикоӣ баробар аст.
Номбурда, ки аз фаъолияти яксолаи ниҳодаш ҳисобот медод, ҳамчунин ба бахши варзиш ҳам таваҷҷӯҳ намуда, гуфт, ки феълан дар ҷумҳурӣ аз 30 ҳазор варзишгар, ки дар 54 намуд тамрин мекунанд, унвони варзишӣ доранд. «Аз ин теъдод 1500 нафарро барои ширкат дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ сафарбар менамоем»,-афзуд Маликшо Неъматов.
Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳамчунин аз сохтмонҳои иншоонтҳои варзишӣ хабар дод. Ба қавли вай соли ҷорӣ як маркази обӣ дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор мегирад. Ба ҷуз ин ширкати алюминии тоҷик, Хадамоти гумрук ва 7 бонки тиҷоратии Тоҷикистон ҷиҳати бунёди чандин толорҳои варзишӣ омодагӣ мебинанд.