Маҳбусон 680 нафарро асир гирифтанд
Маҳбусони зиндони «Лос Текес» дар Венесуэлла аз субҳи рӯзи шанбе 680 нафарро асир гирифтаанд.
Гаравгонҳо асосан ақрабои маҳбусоне мебошанд, ки ба аёдати онҳо омада буданд. Ба иттилои расонаҳои хабарӣ зиндониён гуфтаанд, то аз сӯи мақомот иҷро нашудани шартҳояшон, гасиронро раҳо нахоҳанд кард. Амали маҳбусон нишони ҳамрайъӣ ва дастгирӣ аз маҳбусони зиндонҳои «Яре-1» ва «Яре-2», ки ҳафт рӯзи охир бо тақозои беҳтар кардани шароити зиндон эътироз мекунанд, унвон мешавад. Дар маҳбасхонаи «Яре» низ наздики 1000 «гаравгонони ихтиёрӣ», ки бо нишони эътироз худашон намехоҳанд ҳудуди зиндонро тарк намоянд, қарор доранд. Ба иттилои расида, 800 нафари «асирон» зан, қариб 150 нафар кӯдак ва танҳо 6 нафар мард будаанд. Гуфта мешавад, тайи моҳҳои январ-октябри соли 2011 дар зиндонҳои Венессуэлла 487 нафар маҳбус фавтидааст. Дар 10 соли охир бошад, теъдоди зиндониёни ба ҳалокатрасида марзи 4,5 ҳазорро убур кардааст.