Аҳмадинажод бошад аз чор кишвари Амрикои Лотинӣ дидан мекунад
Маҳмуди Аҳмадинажод, райисҷумҳурии давлати исломии Эрон шоми дирӯз, 8-уми январ вориди Венесуэло гардид.
Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, Аҳмадинажод зимни ин боздидаш аз Амрикои Лотинӣ ба Эквадоур, Никарагуа, ва Куба ҳам сафар хоҳад кард. Гуфтанист, ин сафар бо ҳадафи тақвияти равобит бо кишварҳое, ки равобити дӯстона бо Эрон доранд, анҷом мешавад.
Дар ҳамин хол, дар рӯзҳои ахир фишори кишварҳои ғарбӣ, ба вижа ИМА алайҳи Эрон афзоиш ёфтааст.Оқои Аҳмадинажод гуфтааст, ки дар ин сафар тавофуқномаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо кишварҳои мизбонро имзо хоҳад кард: "Ин кишварҳо дар баробари фишорҳои Амрико муқовимат мекунанд".