Парвандаи Рустам Ҳукумов бо қазияи халабонҳо рабт надорад?
Додгоҳи вилояти Маскав ҳукми ҷазои Рустам Ҳукумовро, ки хабаргузории «ВВС News» ӯро писари раиси ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Амонуллои Ҳукуматулло ва аз хешони наздики президенти Тоҷикистон номидааст, лағв кард.
Рустам Ҳукумов пештар бо ҳамроҳии 3 нафари дигар барои қочоқи 10 кг ҳероин дар шаҳри Шёлковои назди Маскав боздошт ва барои 9,5 сол равонаи зиндон шуда буд.
Бино ба навиштаи «ВВС News» додгоҳи вилояти Маскав изҳор доштааст, ки ҷурми Рустам Ҳукумов дар ҳақиқат таъйид нашудааст ва аз ин рӯ ҳукми пештар содиршударо бекор кардааст. Бино ба баъзе маълумотҳои таъйиднашуда, Рустам Ҳукумов аллакай ба Тоҷикистон баргаштааст.Баъди матраҳ гаштани қазияи пурсарусадои боздошти халабонҳои рус дар Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2011 ВАО дар хусуси иваз кардани Рустам Ҳукумов бо ин халабонҳо ҳадс мезаданд. Аммо Вазорати умури хориҷаи Русия, қаробат доштани Рустам Ҳукумовро бо президенти Тоҷикистон таъйид накарда онро "на зиёдтар аз овоза " хондааст.