Таҳти чунин унвон дар Душанбе дафтари дуввуми ашъори Ҷӯёи Самарқандӣ (Баҳриддини Ҷӯё) бо теъдоди 500 нусха ба нашр расид. Китоб нигоштаҳои чанд соли ахири шоирро дар бар гирифта, тасвирҳои зебо ва сабки хоси ӯро дар шеърҳояш пайдо карда метавонед. Ба гунаи мисол:
Як замоне
хонумонам ҷомадонам буд.
Золи парвоз остону
ошёнам осмон буд.
Гушнаи Аттор будам,
Кай маро парвои нон буд.
Ин замон низ
хонумонам ҷомадонам аст,
Ҷомадон дар тоқдони
хонаи бобоям аст.
Ҷилди Атторам ба дасту
дар сарам савдои нон аст