Бино ба навиштаи сомонаи расмии Кремл, сӯҳбати ду президент атрофи ҳамкориҳои дуҷониба сурат гирифта, мушкилоти минтақаро низ баррасӣ кардаанд.
Ин сомона менависад, президентҳо ба воқеоти Шарқи наздик дахл карда, Аҳмадинажод ва Медведев таъкид доштаанд, ки роҳи ҳалли ин мушкилот танҳо роҳи муколама ва мусолиматомез асту бас. Аҳмадинажод аз Медведев бо изҳори сипос аз ташаббуси Русия дар хусуси давра ба давра барқарор кардани эътимод ба барномаи ҳастаии Эрон изҳори хушнудӣ кардааст.