Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, рӯзи 5-уми январи соли равон, тахминан соатҳои 14:00-дақиқа, ҷасади шаҳрванд Елена Бондареваи 84 сола, ки дар кӯчаи Деҳотӣ мезист, дарёфт шуд. Дар тани мақтул аломатҳои марги маҷбурӣ, бо гирифтани ҷароҳатҳои захми латхӯрии сару рўй мавҷуд аст.
Дар пайи баргузории амалиёти фаврӣ- ҷустуҷуйи кормандони милиса набераи ӯ- Алексей Королёви 24 сола дастгир шуда, алъон дар боздоштгоҳ ба сар мебарад. Тафтиши қазия аз сӯи муфаттишон идома дорад.