Бино ба иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон», онҳо ба гирифтани 738 медали тилло, 720 медали нуқра ва 936 медали биринҷӣ сазовор гаштанд.
Маврид ба тазаккур аст, ки варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои ҷаҳон ба 22 медали тилло, 25 медали нуқра ва 52 медали биринҷӣ сазовор гаштаанд, ки назар ба соли 2010 84 адад зиёд мебошад.Дар чемпионатҳои Осиё ва Осиёи Марказӣ ба 52 медал сазовор шуданд, ки дар муқоиса бо соли 2010 22 адад зиёд аст.
Манбаъ мегӯяд, дар маҷмӯъ шумораи умумии медалҳо ба 2394 адад расид, ки нисбат ба ҳамин давра 436 адад зиёд мебошад. Ҳоло дар вилоят 155 нафар варзишгар бо дараҷаи 1, 270 нафар номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24 Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 Устоди варзиши байналмилалӣ фаъолият доранд.Бояд гуфт, ки соли сипаригашта дар миқёси вилоят 276 адад иншоотҳои варзишӣ бунёд ва таъмиру тармим гардид, ки ба рушди соҳаи варзиш мусоидат намуд.