Сафири Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов бо Вазири корҳои дохилии он кишвар,райиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии иқтисодии Тоҷикистон-Туркия Идрис Наим Шаҳин мулоқот кард.
Бино ба иттилои ВКХ-и Тоҷикистон, зимни нишаст рафти иҷрои муқаррароти протоколи ҷаласаҳои Комиссияи муштараки иқтисодии байниҳукуматӣ, мавзӯъҳои ҷоннок намудани кори Комиссияи мазкур, масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ ва истеҳсолӣ, ташкили корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва кимиёвӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, омодасозии мутахассисони гуногунихтисос ва иштироки соҳибкорони бонуфузи Туркия дар пружаҳои сармоягузории Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Бойиси ёдоварист, Идрис Наим Шаҳин аз сатҳи муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кард.Оқои Шаҳин ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳо ва фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматии иқтисодӣ омодагии ҷониби Туркияро иброз дошт.
Гуфта мешавад, Комиссияи байниҳукуматии иқтисодии Тоҷикистон-Туркия аз соли 2000 фаъолият намуда, то ин замон 7 ҷаласаи он дар шаҳрҳои Душанбе ва Анқара баргузор гардидааст.