Душанбе ва Пекин ба хамкориҳои судманд дар оянда умед мебанданд
Вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ бо Фан Сянжун, сафири Хитой дар Душанбе мулоқот кард.
Тибқи иттилои ВКХ, зимни нишаст ҷонибҳо 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чинро таъкид намуда, дастовардҳои назаррас ва муносибатҳои ду кишварро барои ояндаи наздик баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон, мавзӯъҳои марбут ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла масоили таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон ва баргузории 5-умин конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCА V, 26-27 марти соли 2012, Душанбе) мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифтанд.