Шишаи Тоҷикистон ба бозори ватанӣ ворид мегардад
Нахустин корхонаи истеҳсоли шишаҳои сохтмонӣ ва зарфҳои шишагин дар шаҳри Қайроқум ба фаъолият шурӯъ кард.
Тибқи иттилои вазорати энергетика ва саноат ин муассиса бо иқтидори солонаи 1,3 миллион метри мураббаъ шишаи сохтмонӣ ва 25 миллион дона зарфҳои шишагин кор карда, ҳамарӯза 1,5-2 ҳазор метри мураббаъ шишаҳои ғафсиашон аз 2 то 6 мм истеҳсол менамояд, ки нархи як метри мураббаи он айни замон 20,4 сомонӣ буда, аз нархи шишаи воридшуда арзон мебошад. Ҳамчунин, корхона имкон дорад, бозори дохилиро бо ин намуди масолеҳи ватанӣ таъмин созад ва бо ба кор шурӯъ намудани он 250 ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст, афзуд манбаъ.