Президенти ҶО аз ҳиҷоб пуштибонӣ мекунад
Райисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев изҳор дошт, ки дар кишвараш барои пӯшиши ҳиҷоб ва адои намоз ягон монеъа ва маҳдудияте мавҷуд нест.
Номбурда, ки дар барномаи “Вести в субботу”- и телевизиони Русия сӯҳбат мекард, гуфт: “Дар мо ягон монеа мавҷуд нест. Ҳар нафар ҳақ дорад, ба ҳар тавре ки мехоҳад инкишоф ёбад ва ин ҳақи ҳар як инсон аст”.
Ҳамчунин райисҷумҳури Озорбойҷон саҳми Туркиёро дар таҳкими минтақа ва ҷаҳон бориз хонда, изҳор кард, ки мардумаш ба ойини мардуми ин кишвар таваҷҷӯҳ ва пайравии хосса дошта, Озарбойҷон аз мудели давлатдории Туркиё пайравии ҳамаҷониба хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, дар макотиби ҳамагонии Озарбойҷон фармони манъи рафтан ба дарс бо рӯсарӣ ё худ ҳиҷоб, ки аз сӯи Вазорати маорифи ин кишвардар соли гузашта роҳандозӣ шудааст, ҳанӯз ҳам дар ҳоли амал қарор дорад. Аз он замон дар кишвар пайваста тазозҳуроти эътирозӣ дар қиболи ин фармони Вазорати маорифи Озарбойҷон сурат мегиранд, ки ҳатто чанд нафар тазоҳургарон аллакай паси панҷараҳои зиндон нишастаанд.
Ёдовар мешавем, ки ҷонибдорони Ислом тобистони соли гузашта ҳудуди 100 ҳазор имзо ба тарафдории ҳиҷоб ҷамъоварӣ намуда, унвони райисҷумҳури ин кишвар Илҳом Алиев ироа карда буданд.