Рустам президент интихоб шуд, Сӯҳроб унвони нав гирифт
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон тағйир ёфт.
Ин таҳаввулот имрӯз дар конфронси ҳисоботӣ-интихоботии ФФТ дар Душанбе аз сар гирифта шуд. Вакилони конфронси ҳисоботӣ- интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалиро, ки қаблан нойибии президенти ин федератсияро ба ӯҳда дошт, барои 4 соли оянда раҳбари ФФТ интихоб карданд.
Хабарнигори «Озодагон», ки дар ҷаласа ширкат дошт, мегӯяд: «Ба вазифаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон танҳо номзадии Рустам Эмомалӣ гузошта шуда буд. Ҳамин тавр, Валерий Турсунов, нойиби аввали президенти ФФТ ва Азиз Раҷабов, нойиби дуюми президенти ФФТ таъин карда шуданд».
Бо пешниҳоди Рустами Эмомалӣ, президенти тозаинтихоби ФФТ Фирдавс Файзуллоев, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон таъйин гардид. Дар кори конфронс ҳамчунин ҳайати кумитаи иҷроияи ФФТ-ро дар ҳайати 11 нафар интихоб карданд: Шариф Назаров, Шоҳрух Сайидов, Исроил Шарифов, Қоҳир Расулзода, Хуршед Мирзоев, Музаффар Исҳоқов, Фатҳулло Ҷалилов ва Барот Ҳамидов, аъзои кумитаи иҷроия пазируфта шуданд.
Дар конфронси ҳисоботӣ ва интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон президенти қаблии он Сӯҳроб Қосимов аз фаъолияти 4 солаи ФФТ ҳисобот дод. Вакилони конфронс фаъолияти ФФТ дар тӯли солҳои 2008-2011-ро қаноатбахш арзёбӣ карданд.
Ҳамзамон, Маликшоҳ Неъматов, райиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба Сӯҳроб Қосимов раҳбари қаблии ФФТ унвони «Мураббии шоистаи Тоҷикистон»-ро тақдим намуд.