Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» ба ин муносибат рӯзи гузашта дар толори маҷлисгоҳи ҳукумати вилояти Суғд, бо иштироки собиқадорони меҳнат, ҷавонон ва фаъолони шаҳр ҳамойиш доир гашт, ки дар он собиқ котиби якуми кумитаи шаҳрии ҲК, шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷандро табрик карданд.Райиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов соҳибҷашнро аз номи ҳукумати шаҳр ба ин рӯз шодбош гуфта, чун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ аз хизматҳои тӯлониаш тӯҳфаи хотиравии мақомоти иҷроияро тақдим дошт.
Каримов зимни суханронии худ аз хизматҳои Акобир Умаров ёдрас шуда, саҳми ӯро дар тараққиёти бахшҳои мухталифи хоҷагии халқ, хосса ободонию бунёдкории маркази маъмурии вилояти кунунии Суғд дар солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми асри гузашта, рушди соҳаи энергетикаи кишвар босазо арзёбӣ кард. Зимнан, муовини райиси вилояти Суғд Мубинҷон Қаюмов, Мӯъминҷон Тошматов, муовини райиси ширкати «Барқи тоҷик» ва дигарон соҳибҷашнро табрик карданд.
Маврид ба ёдоварист, Акобир Қозихонович Умаров, яке аз чеҳраҳои шинохтаи шаҳру вилоят ва мамлакат 30 декабри соли 1936 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Дастпарвари Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ва мактаби олии ҳизби назди КМ ҲКИШ мебошад. Фаъолияти меҳнатиашро аз вазифаи муҳандис-барқчии шабакаҳои барқии Ленинобод оғоз намуда, сипас ба ҳайси райиси Кумитаи марказии иттифоқи касабаи коркунони нерӯгоҳҳои барқӣ ва саноати энергетикии ҷумҳурии Тоҷикистон, директори шабакаҳои барқи минтақаи шимол кор кардааст. Акобир Умаров аввалин директори НБО-и Норак мебошад.