Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон аввали моҳи ноябр бо сафари корӣ ба шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон меравад.
Тибқи иттилои мақомоти ИДМ Расулзода дар ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ, ки 3 ноябр дар назар аст, иштирок мекунад.
Дар ҳошияи нишаст мулоқоти сарвазири Тоҷикистон бо ҳамтои узбакистонияш Абдулло Орипов ва Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон дар назар аст.