Бино ба иттилои ҳукумати шаҳр, дар соли сипаришуда муштариён ба миқдори 11 миллиону 600 ҳазор сомонӣ аз газ, 20 миллиону 888 ҳазор сомонӣ аз барқ ва 3 миллиону 644 ҳазор сомонӣ аз оби истеъмолкарда қарздор мондаанд: «Агарчӣ аҳолӣ дар мавриди пардохти маблағ нисбат ба солҳои пештар фаъолтар гашта бошад ҳам, аммо ҳамоно қарзҳои зиёд бар дӯшашон боқӣ мемонад.Танҳо аз барқ аҳолӣ ба миқдори беш аз 16 миллион сомонӣ қарздор аст.
Дар ҳамин ҳол, идораи шабакаҳои барқӣ мегӯяд, қарзи имсолаи аҳолӣ аз барқ ҳамагӣ каме бештар аз 3 миллион сомонӣ будааст. Қисмати зиёди қарзи аҳолӣ аз солҳои пеш ҷамъ шудааст.
Зимни сӯҳбат бо хабарнигори маҳаллии «Озодагон» бархе аз сокинони шаҳри Кӯлоб иброз доштанд, ки ҳаққи истифодаи обу барқро метавонанд, сари вақт пардохт намоянд, агар онро масъулин мутобиқ ба талабот таъмин намоянд.
Абдуҳалим Маҳмадалиев, райиси маҳаллаи Корвонгузар мегӯяд:« Дар маҳаллаи мо солҳои зиёд хати оби нӯшокӣ набуд. Тирамоҳи имсол бо маблағгузорӣ аз ҷониби кадом ташкилоти хориҷие бароямон об кашиданд. Дар як ҳафта, баъзан аз он ҳам зиёдтар, ҳамагӣ 2 соат об медиҳанд, вале охири моҳ омада, талаби ҳаққи ҳамарӯза, дар 1 моҳ 2,5 сомонӣ барои як нафар мекунанд. Вале мардум чун бо оби ҳамешагӣ таъмин нестанд, аз ин розӣ намешаванд. Вақте ба намояндаи корхонаи обтаъминкунии шаҳр инро фаҳмонданӣ шудем, муддати зиёд дигар обамон надоданд».
Ташкилоту корхонаҳо низ қарзи газу обу барқро ба миқдори маблағи истифодашуда ва сари вақт пардохт наменамоянд. Дар маҷмӯъ ин ташкилотҳо беш аз 5 миллион сомонӣ аз барқ, 6 миллион сомонӣ аз газ ва беш аз 2 миллион сомонӣ аз об қарздор мондаанд. Дар ин маврид корхонаҳои давлатӣ, ки аз ҳисоби буҷа маблағгузорӣ мегарданд, истисно нестанд.