Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар шӯъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳои Қайроққум, Истаравшан, Чкалов, Табошар, Зафаробод, Спитамен, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ ба кор ҷалб намудани мутахассисон хуб ба роҳ монда шуда, аз 80 то 100% - и мутахассисон ба ҷои кор ҳозир шуданд.
Маврид ба ёдоварист, соли равон Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров нисбати 30 нафар хатмкардагони гурӯҳҳои буҷавӣ, ки ба ҷои кор ҳозир нашуданд, барои рӯёндани маблағи таҳсил ба суди иқтисодӣ бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намудааст.