Ҳабси олим ва афсари руси ҷонибдори “ДИИШ” дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳабси як олими рус, собиқ корманди Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки дар Сурия ба тарафдории “ДИИШ” ҷангидааст.
Тибқи иттилои ВКД боздоштшуда Хисамов Денис Франгизович, санаи 18 декабри соли 1983 дар шаҳри Краснодари Русия таваллуд шуда, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои техникӣ, собиқ корманди Вазорати мудофиаи Русия, дорои рутбаи капитан мебошад.
Манбаъ афзуд, ки Денис Хисамов ба Тоҷикистон аз Туркия истирдод шудааст. ВКД шарҳ дод, ки моҳи майи соли 2015 ӯ бо роҳи қалбакӣ шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро омода намуда, тавассути ин шиноснома аз Русия ба Туркия ва аз он ҷо ба гурӯҳҳои ҷинояткори Давлати исломии Ироқу Шом пайвастааст: “Денис Хисамов дар муноқишаҳо ва ҷангҳои сарзамини Ироқу Сурия фаъолона ширкат варзида, моҳи апрели соли 2017 вақти баргаштан аз минтақаҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия аз ҷониби кормандони милитсияи Ҷумҳурии Туркия дастгир гардида, ба далели доштани шиносномаи қалбакии Тоҷикистон ба Душанбе фиристода шудааст”.
Бар асоси иттилои ВКД Хисамов Денис қасди баргаштан ба Русия барои содир намудани ҷиноятҳо доштааст: “Феълан тафтиш аз рӯи ин ҳодиса идома дорад”.