Фармони Президент дар бораи қатъи ваколати Хуршед Андалиб
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон ваколатҳои Хуршед Андалиб, раиси суди ноҳияи Раштро қатъ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ваколатҳои Хуршед Андалиб бинобар вафоташ қатъ гардиданд.
Хуршед Андалиб, ки моҳи январи соли гузашта раиси суди ноҳияи Рашт таъин шуд, даҳаи аввали моҳи равон даргузашт.
Акс аз Фейсбук