Марди 34-сола мошини ҳамшаҳрашро оташ задааст
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 34-солаи ноҳияи Рӯдакӣ бо иттиҳоми оташ задани мошини марди дигар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса соати 03:00-и 20 октябр дар ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ ба вуқӯъ пайвастааст. ВКД мегӯяд, кормандони пулис маълум кардаанд, ки дастгиршуда, “Мерседес-Бенс”-и марди 36-соларо “қасдан оташ задаст”.
Ҳоло ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор доштааст.