Занозании тоҷикону арманиҳо дар Маскав (ВИДЕО)
Шоми 19 октябр дар кӯчаи Кантемирови Москва миёни муҳоҷирини кории тоҷик ва арманӣ муноқиша ба миён омадааст, ки дар пайи он як нафар ҷароҳат бардоштааст.
Тибқи иттилои шабакаи телевизионии "360", муноқиша миёни даҳҳо роҳсози тоҷику арманӣ рух додааст.
Расонаҳои русӣ навиштаанд, ки пулис барои дақиқ кардани ҳодиса панҷ нафар, аз ҷумла 4 шаҳрванди Тоҷикистону Арманистонро боздошт кардааст.
Ин нахустин занозании тоҷикону арманиҳо дар Маскав набуда, тобистони соли равон як чунин ҳодисаи дигар сабт шуда буд.