Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон
Бо фармони райиси ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов, муовини аввали нахуствазири кишвар таъин гардидааст.
Ёдрас менамоем, то имрӯз номбурда ба симмати раҳбари дастгоҳи иҷроияи президент фаъолият дошт. Курсии муовини аввали сарвазир бошад, пас аз даргузашти Асадулло Ғуломов шаш моҳ боз холӣ буд.
Бино ба навиштаи баъзе аз расонаҳои хабарӣ, мансаби раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро Бахтиёр Худоёров, вазири адлияи кишвар соҳиб гашта, Рустам Менглиев, ки то ин вақт муовини ӯ буд, вазири адлия таъин шудааст.
Ҳамзамон, Абдураҳим Қаҳҳоров аз вазифаи вазири умури дохила барканор шуда, гуфта мешавад, Рамазон Раҳимов, муовини аввали Қаҳҳоров вазир таъин мегардад.Коршиносон бар ин назаранд, ки Абдураҳим Қаҳҳоров аз ин ба баъд дар курсии Дабири Шӯрои Амният такя хоҳад зад.